Хайриддин Усмонзода, мудири Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо хонум Симона Халперин, муовини мудири кулл, сардори Раёсати кишварҳои АвруОсиё ва Балкани Вазорати корҳои хориҷии Давлати Исроил дидору мулоқот намуд. Дар мулоқот хонум Халперинро директори департаменти Осиёи Марказӣ ва Қафқози Вазорати корҳои хориҷии Давлати Исроил хонум Михал Хершковитс ва Сафири Давлати Исроил дар Тоҷикистон хонум Зеавит Бен Хиллел ҳамроҳӣ намуданд.
Тавре ки Хайриддин Усмонзода, директори Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ба хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Моҳираи Иброҳим хабар дод, зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи ду кишвар баррасӣ шуд.
Ҷонибҳо, ба таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистон ва Исроил дар чаҳорчӯби бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сиёсиву амниятӣ, обу энергетика, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва илмиву таҳлилӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.
Бино ба иттилои номбурда, дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин, масъалаҳои вобаста ба ҳадафҳои стартегии рушди кишвар ба риштаи таҳлил кашида шуданд. Тарафҳо минбаъ низ барои густариши ҳамкориҳо дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисодиву иҷтимоӣ, маориф ва илм, фарҳанг изҳори ҳавасмандӣ намуданд.