Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо иҷрокунандаи вазифаи дабири кулли Шӯрои миллии фарҳанг, адабиёт ва санъати Давлати Кувайт Муҳаммад бин Ризо мулоқот намуд.
Тавре ки радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи илму фарҳанг, табодули сафарҳои ҳайатҳои фарҳангӣ ва доираҳои илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.