
Дабири нави Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Имангали Тасмагамбетов дар ҷаласаи Шӯрои доимии ин созмон муаррифӣ карда шуд. Дар ин бора Сафорати Беларус хабар дод.
«Котиби давлатии Шӯрои амнияти Беларус Александр Волфович дар ҷаласаи Шӯрои доимии СААД дабири кулли нави созмон, намояндаи Қазоқистон Имангали Тасмагамбетовро муаррифӣ кард», — иттилоъ додааст Сафорат.
Дабири кулли нав тасмим гирифтааст дар ояндаи наздик ба Минск сафари расмӣ анҷом диҳад. Ӯ аз 1 январи соли 2023 ба мақоми Дабири кулли созмон таъйин шуда буд. Дар ин мақом ӯ 3 сол фаъолият хоҳад кард.