
Дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ‐ шаҳри Хоруғ сохтмони корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла коргоҳи дузандагии “Баҳори Ишқ”, корхонаҳои мебелбарорӣ, пояфзолбарорӣ ва корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикан идома доранд. Масъулин ҷиҳати бо сифати баланд бунёди онҳо супоришҳои мушаххас доданд. Дар ин бора Хадамоти матбуотии Раиси ВМКБ хабар медиҳад.
Мирзонабот Алишер Худоберди, раиси ВМКБ аз рафти бунёди корхонаҳо дидан намуда, сохтмони чунин корхонаҳо барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ — саноаткунонии босуръати кившар ва дар амал татбиқ намудани Барномаи рушди саноат, ки барои солҳои 2022-2026 аз муаззами тарафи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидаанд, саривақтӣ номид.
Зикр дошт, ки ин иқдом барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони вилоят, бахусус паст намудани сатҳи бекорӣ мусоидат менамояд.