
Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо синамогарони рус филми ҳуҷҷатии “Набарди ман”-ро руи навор оварданд. Дар он панҷ нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе зиндагӣ доранд, иштирок намуданд. Давомнокии филм 26 дақиқаро ташкил дод.
Тавре ки директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Иброҳимзода Зафаршо ба хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Абдуфаттоҳи Абдурауф иттилоъ дод, дар филм ёддоштҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ наворбардорӣ шуданд.
Бино ба иттилои номбурда, филми мазкур дар шабакаҳои телевизионӣ, муассисаҳои таълимӣ ва осорхонаҳои кишварҳое, ки дар онҷо наворбардорӣ сурат гирифт, намоиш дода мешавад.