
Бо мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои сармоягузории кишвар, дарёфти шарикон ва роҳандозии фаъолияти муштарак ҳайати соҳибкорони Ҷумҳурии Корея ба Тоҷикистон омадаанд.
Дирӯз, 12 январ Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода бо соҳибкорони Ҷумҳурии Корея мулоқот намуд. Дар ин бора Маркази матбуотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба истифодаи технологияҳои нав дар варзиш, ҷалби сармоягузорӣ ҷиҳати рушди намудҳои гуногуни варзиш ва имконияти ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар таъсиси корхонаҳои истеҳсоли лавозимотҳои варзишӣ табодули афкор намуданд.