Бар асари таркиш дар назди бинои намояндагии дипломатӣ дар Кобул ду корманди сафорати Русия кушта шуданд. Дар ин бора дар Вазорати корҳои хориҷии Русия хабар доданд. Дар ин бора радиои «Овози Тоҷик» дар истинод ба «Рейтерс» хабар медиҳад.
Ба иттилои Вазорат, ҳодиса соати 10:50 ба вақти Кобул дар наздикии даромадгоҳи шӯъбаи консулии сафорат рух додааст.
Ба гуфтаи онҳо, дар пайи таркидани як маргталаб дар даромадгоҳи сафорати Русия дар Кобул ду корманди намояндагии дипломатӣ кушта ва 11 нафар маҷрӯҳ шуданд, полис гуфт, ки ҳамлагар ҳангоми наздик шудан ба дарвоза аз тири посбонони мусаллаҳ кушта шудааст.