Имрӯз парламенти Ироқ Латиф Рашидро президент интихоб кард. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар такя ба хабаргузории «Rudaw» иттилоъ медиҳанд.
«Ба ӯ 162 депутат ва ба рақибаш президенти собиқ Барҳам Солеҳ 63 депутат овоз доданд» — менависад Rudaw.
Қаблан Латиф Рашид вазири захираҳои оби Ироқ буд ва ҳамчунин аз Ҳизби Иттиҳоди ватандӯстони Курдистон намояндагӣ мекард.