
7 ва 8-уми ноябри соли равон муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор барои иштирок дар Форуми табодули рушди иқтисодӣ миёни соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ба вилояти Кандвонди Корея сафари корӣ намуд. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар кори Форум муовини Вазир Носирзода Ҷаббор ва Ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур иштирок намуданд.
Дар Форуми табодули рушди иқтисоди миёни соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷосирзода Ҷаббор барои иштироккунандагон оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ, иқтидори истеҳсолӣ ва содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуд.