Пас аз фаъол шудани хатсайри мустақим байни Душанбе ва Кувайт аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии Ҷазира Эйрвей (Jazeera Airways) шумораи сайёҳони кувайтӣ афзоиш ёфт. Дар ин бора ба радиои “Овози тоҷик” аз Кумиати рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, аз 21-ум то 28-уми январи соли 2023, гурӯҳи донишҷӯдухтарони кувайтӣ иборат аз 12 нафар бо ҳамроҳии 5 нафар аз намояндагони Фонди Кувайтӣ ва намояндагони ва Вазорати маорифи Давлати Кувайт ҷиҳати шиносоӣ аз мавзеъҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон сафар карданд.
Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон то ҳол барои сайёҳони кишварҳои Халиҷи Форс, бахусус шаҳрвандони Кувайт як макони кашфношудаи сайёҳӣ маҳсуб мешавад.