
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо Котиби давлатии Вазорати федеролии озуқаворӣ ва кишоварзии Олмон хонум Опелиа Ник вохӯрӣ намуд. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон хабар медиҳад.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ҷалби сармояи олмонӣ ба бахши агросаноатии Тоҷикистон ва роҳандозии ҳамкории мустақим байни бахшҳои хусусии ду кишвар баррасӣ шуданд.
Тарафҳо роҷеъ ба истифодаи технологияи пешқадами Олмон ҷиҳати коркарди маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаю хушсифати Тоҷикистон ва иштироки ҳайати кишвар дар Намоишгоҳи байналмилалии “Ҳафтаи Сабзи Берлин 2023” табодули андеша карданд.