26 январи соли 2023 ҷиҳати таҳким бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба раёсати байналмилалии ДМТ ва роҳбарияти Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (директори донишкада Мирзамонзода Хайрулло) бо намояндагони Донишгоҳи технологии Русия – Е.Н. Тарасовой ва Е.А. Слезкиной вохӯрӣ намуданд.
Тавре ки радиои «Овози тоҷик» дар такя ба ДМТ хабар медиҳад, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо барои боз ҳам беҳтар намудани ҳамкориҳо миёни доникада ва донишгоҳи мазкур мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамзамон, ба хотири зиёд гардонидани дарсҳои маҷозӣ дар рафти баргузории курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорон пешниҳодҳо намуданд.
Қайд гардид, ки минбаъд низ дарсҳои такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои олии касбӣ бо ҷалби мутахассисони хориҷӣ тариқи фазои маҷозӣ гузаронида мешаванд.