Эълони Би-би-сӣ дар бораи қатъи пахши барномаҳо б0 10 забон, аз он ҷумла, забонҳои форсӣ ва арабӣ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёдеро барангехтааст. Бисёриҳо аз ин хабар изҳори таассуф ва видоъ бо садои «Инҷо Лондон»-ро, ки солҳои зиёд онҳоро ҳамроҳӣ мекард, баён карданд.
Дирӯз, панҷшанбе, рӯзномаи бритониёии «Гардиан» гуфт, ки ин ниҳод тасмим гирифтааст, ки пахши барномаҳои радиоӣ ба 10 забон, аз ҷумла арабӣ, форсӣ, чинӣ ва банголиро қатъ кунад. Ҳамчунин фаъолияти ин радио дар садҳо ҷои дигар барҳам дода мешавад.
Дар сомонаи арабии БӢ БӢ СӢ маводе ҳам дар ин хусус нашр шудааст, ки дар он гуфта мешавад: “ Дар тӯли ҳаштоду панҷ сол, радиои арабии Би-би-сӣ наслҳои зиёдеро ҳамроҳӣ кардааст. Бо кӯбидани” Биг Бен” ва садои «Инҷо, Лондон» ва садои наттоқони он дар зеҳни шунавандагонаш бо хотираҳои хосе пайваст ва барои онҳо сарчашмаи асосии иттилоот, ахбор ва таҳлил боқӣ мемонад, аммо бо рушди воситаҳои иртибот ва тағйири шеваи истеъмоли ахбор ва муҳтавои васоити ахбори омма, бар изофаи фишорҳои молӣ, бахши ҷаҳонии Би-би-сӣ тасмим гирифт, ки пахши барномаҳояшро ба забони арабӣ дар чорчӯби тарҳи дигаре, ки шомили таҷдиди сохтор ва тезонидани суръати иттилоърасонӣ ва ВАО рақамӣ( манзур чндрасонаӣ) мебошад табдил диҳад”.
Мақомоти Бритониё дар як изҳорот гуфтаанд, ки дар доираи талошҳои худ барои эҷоди 28,5 миллион фунт пасандоз барои хидматҳои байналмилалии худ 382 ҷои кориро ихтисор карданист.
Мақомоти Бритониё илова карданд, ки нақшаҳои хидматрасонии ҷаҳонӣ стратегияи онро барои эҷоди «низоми муосир ва роҳбарияти рақамӣ» дастгирӣ мекунанд.