2 ноябри соли 2026 дар пойтахти Ҷумҳурии Демократии Халқии Лаос- шаҳри Вентян мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибек Каландар бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Демократии Халқии Лаос Майтонг Таммавонгса баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Демократии Халқии Лаос табодули афкор намуда, ҳамчунин дурнамои густариши ҳамкориҳоро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.



