Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо директори филиали ширкати CNPC (Корпоратсияи миллии нафту гази Чин) Central Asia B.V дар Тоҷикистон ҷаноби Ли Бинг мулоқот намуд. Дар он ҷонибҳо масъалаҳои амалишавии Созишномаро оид ба тақсимоти маҳсулот вобаста ба корҳои ҷустуҷӯӣ–геологӣ дар майдонҳои нафту газ дар вилояти Хатлон мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин бора Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Ли Бинг қайд кард, ки дар ҳолати хуб ба анҷом расидани корҳои ҷустуҷӯӣ-геологӣ, ба рушди соҳаи нафту гази ҷумҳурӣ такони ҷиддӣ бахшида хоҳад шуд.
Дар мулоқот имкониятҳои сармоягузорӣ, заминаҳои ҳуқуқӣ ва шароити мусоиди фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шуда, зикр гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодӣ ва ҷалби ширкатҳои чинӣ ба раванди саноаткунонии босуръати кишвар алоқаманд аст.