Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбарияти ширкати ««B.A Holding»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон масъалаҳои ҷалби сармоя ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро барои истифодаи самараноки замин, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ намуданд. Ҷонибҳо асосан барои коркарди пахта ва истеҳсоли маҳсулоти таёр аз он, коркарди чарм, истеҳсоли маҳсулоти маишӣ, бунёди корхонаҳои металлургӣ ба мувофиқа расиданд. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Зимни мулоқот Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зикр дошт, ки вилояти Суғд барои бунёди корхонаҳои муштарак имкониятҳо фаровон буда, рушди соҳаи саноат ҳамасола таъмин гардида истодааст. Давоми 11 моҳи соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 21 млрд. 759,9 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 3 млрд. 595,5 миллион сомонӣ зиёд аст.
«Фазои мусоиди инвеститсионӣ ва имтиёзҳои мавҷуда имкон фароҳам овардааст, ки сармоягузорон фаъолона дар рушди иқтисодиёт саҳм гузоранд. Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2022 ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 268,2 миллион доллари ИМА сармоягузории ватанию хориҷӣ ҷалб гардида, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 103,6 фоиз таъмин гардидааст. Аз ҷумла, ба маблағи 201,6 миллион доллар сармояи хориҷӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилоят равона карда шудааст»,- гуфт Раҷаббой Аҳмадзода дар идома.
Мулоқот дар фазои дустӣ анҷом шуда, ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳоро мавриди таҳлил қарор доданд.