Дар Тоҷикистон Агентии иттлоотии сайёҳӣ-фарҳангӣ бо нишони интернтии www.turon.tj роҳандозӣ мешавад. Дар ин бора шахси масъули агентии мазкур, ки нахост номаш зикр шавад ба радиои “Овози тоҷик” хабар дод.
Ҳадаф аз ин иқдом муаррифӣ намудани имкониятҳои сайёҳӣ ва фарҳангии кишвар дар фазои иттлоотии ҷаҳонӣ, аз он ҷумла, шабакаҳои иҷтимоӣ, омода ва ҷо кардани маводҳои видеоӣ ва чандрасонаӣ бо забонҳои хориҷӣ дар он ва истодагарӣ кардан бар тасоҳуб ва ё азхудсозии фарҳангии бегонагон ба мероси гаронбаҳои тоҷикон мебошад.
“Агентии мазкур бо 10 забон фаолият намуда, филмҳои ҳуҷҷатӣ ва барномаҳои телевизионӣ низ дар он ҷо карда мешаванд”,- гуфт манбаъ.
Тибқи гуфтаи сарчашма сомонаи агентии мазкур дар ҳолати коркард қарор дошта, ба гумони зиёд дар рӯзҳои ҷашни “Наврӯз” ба фаолият шурӯъ хоҳад кард.