Имрӯз, 16 август дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Форуми дуюми иқтисодии Созмони ҳамкории Шанхай ба кори худ оғоз бахшид. Ҳамоиш ду рӯз давом намуда, дар он намояндагони ташкилотҳои байналмилалии кишварҳои узви СҲШ иштирок менамоянд. Тољикистонро дар ин дар ин конфронси сатҳи баланд ҳайати расмии кишвар таҳти сарварии муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашӯрбой Солеҳзод намояндагї дорад. Дар ин бора Назира Қурбонова, мувоини сардори раёсати ҳамкориҳои иқтисодӣ-хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори радиои “Овози тоҷик”, Моњираи Иброњим хабар дод.
Бино ба иттилои номбурда, зимни баргузории форум иштирокдорон самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузориро мавриди барарсӣ қарор доданд.
Дар доираи чорабинӣ ҷаласаи пленарӣ ва чаҳор ҷаласаи панелӣ, аз ҷумла “Лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории СҲШ”, “Хусусиятҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ ва барқарорсозии робитаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ”, “Ҳамкории иқтисодӣ дар давраи рақамисозӣ», «Рушди иқтисоди сабз дар фазои СҲШ» баргузор мегарданд.
Тибқи барнома,барои иштирокчиён ва меҳмонони форум ярмаркаи инноватсияҳои саноатии СҲШ доир мешавад, ки ҳадафи он фароҳам овардани шароит барои тиҷоратикунонии ғояҳо, технологияҳо ва лоиҳаҳои инноватсионии кишварҳо мебошад.