Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 ҳазор гектар токзор мавҷуд буда, 35 ҳазор гектари он мевадиҳанда мебошад. Дар соли 2021, 270 ҳазор тонна ангур истеҳсол гардида, 52 ҳазор тоннаи он асосан ба Федератсияи Россия ва Ҷумҳуриҳои Қирғизистону Қазоқистон содирот карда шудаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 193 навъи ангур мавҷуд буда, асосан токпарварон 20 навъи онро бештар парвариш менамоянд. Ин матлабро Каримзода Саъдӣ, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқот бо роҳбари Гуруҳи дўстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷиикистону Ҷумҳурии Ҷопон Кейҷи Фуруя зикр намуд.
Тавре радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои дуҷонибаи ҳамкориро дар соҳаи кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор дода, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода қайд намуд, ки соҳаи кишоварзӣ ба техникаю мошинолот ниёз дошта, дар ин радиф аз ҷониби Ҷопон тезонидани баррасии лоиҳаи «Механиконии устувори соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон» саривақтӣ мебошад.
Бо дарназардошти тамъу сифати хуб доштани ангури Ҷумҳурии Тоҷикистон Кейҷи Фуруя барои содироти ангур аз Тоҷикистон ба Ҷопон ҳавасмандии худро баён намуд.
Аз ҷониби роҳбари ҳайати Ҷопон оид ба сафарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қабули самимона миннатдорӣ баён намуда, изҳори хоҳиш карда шуд, ки бо мақсади ҳалли масъалаҳо ва идома додани муносибатҳо вобаста ба содироти ангур, аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулин вобаста карда шавад ва маълумотнома дар бораи ангурҳои ба содирот нигаронидашуда пешниҳод гардад.
Маврид ба зикр аст, ки гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Япония тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 88,8 миллион долларро ташкил намудааст. Дар шаш моҳи соли 2022 бошад ба 49,5 миллион доллар расидааст.