
Дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Тоҷикистон имрӯз дар меҳмонхонаи «Хаят Реҷенси»-и пойтахт Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистону Беларус оғоз гардид.
Тавре мухбири радиои “Овози тоҷик” Тахмина Амонова аз рафти баргузории форум хабар медиҳад, дар он масъалаҳои рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии ду кишвар баррасӣ шуда истодаанд.
Бино ба иттилои номбурда, қабл аз оғози ҳамоиш маҳсулоти истеҳсолкунандагони Ҷумҳурии Беларус зери унвони“Made in Belorus” ба намоиш гузошта шуд. Инчунин, дар он имкониятҳои сайёҳӣ ва сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид.
Чорабинӣ идома дошта, дар доираи он соҳибкорони Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои ширкаткунанда дар формати b2b музокирот анҷом доданд. Миёни доираҳои соҳибкории ду кишвар зиёда аз 18 созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.
Иштирокчиёни Форум ба рушди муносибатҳои дуҷониба, ки фарогири ҳамаи соҳаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ мебошанд, баҳои баланд дода, тарафҳо ба ифоқа расиданд, ки чунин ҳамоишҳои соҳибкоронро мунтазам баргузор хоҳанд намуд.
Боиси зикр аст, ки ташаббускорони чорабинӣ Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистону Беларус ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Мақсад аз гузаронидани форуми мазкур истифодаи самараноки таҷрибаи кишварҳои ҳамдигар, муҳайё намудани шароит барои рушди соҳибкориву тиҷоратӣ, ташвиқу тарғиби имкониятҳои иқтисодии ду кишвар мебошад.