Ҷиҳати мустаҳкам намудани ҳамкориҳо миёни синамогарони тоҷик бо синамогарони кишварҳои хориҷ рӯзҳои кинои тоҷик дар ин давлатҳо баргузор шуд. Дар оянда Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» нақша дорад, ки ҳунармандонро аз хориҷи кишвар барои гузаронидани мастеркласҳо ва гузаронидани кастингҳо ҷалб намояд. Ин нуктаро директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Муҳаммадсаид Шоҳиён имрӯз зимни нишасти хабарӣ иброз дошт.
Ба зикри номбурда, дар доираи барномаи рушди кинои тоҷик тасмим гирифтем, ки ҳунармандонро барои такмили ихтисос ба хориҷи кишвар сафарбар намоем.
Дар робита ба наворгирии филми таърихию ҳунарии «Ҷомӣ ва Навоӣ» Муҳаммадсаид Шоҳиён зикр намуд, ки филм омода буда, рӯзҳои наздик пешкаши тамошобинон мегардад.
Бодя гуфт, ки филми «Ҷомӣ ва Навоӣ» дар доираи дӯстӣ ва робитаҳои адабиву фарҳангӣ миёни ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар Точикистоу Узбекистон ба навор гирифта мешавад.
Маҳинбонуи Мирзо
Радиои «Овози тоҷик»