Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон бо муовини Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Аврупо ва Осиё Самеҳ Ваҳба ва роҳбари намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озам Севимлӣ мулоқт намуд.
Бино ба иттилои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ вобаста ба рушди соҳаи кишоварзӣ дар мамлакат, амалисозии лоиҳаҳои минбаъда ва маблағгузориҳо, таъмини амнияти озуқаворӣ, бунёди марказҳои логистикӣ, пешгирии тағйиёбии иқлим, хушксолӣ ва ба он мутобиқ намудани зироатҳо, дастгириҳо дар самти илм аз ҷумла Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, имкониятҳои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти он ва масъалаҳои обёрикунии заминҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон ҷиҳати дастгирии ҳамешагӣ ба намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ва амалисозии лоиҳаҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд.
Муовини Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Аврупо ва Осиё Самеҳ Ваҳба ва роҳбари намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озам Севимлӣ ҳавасмандии Бонки ҷаҳониро ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалисозии лоиҳаҳо, барномаҳо ва обёрии заминҳо ибрози назар намуданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои рушди соҳаи кишоварзӣ, дастгирии соҳаи илм, истифодаи имкониятҳои истеҳсолӣ ва содироти молу маҳсулот аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намоянд.