Рӯзҳои 22-24 июни соли равон дар Муассисаи давлатии Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи IX байналмилалии савдо «Суғд-2023» баргузор мегардад. Дар ин бора қарори дахлдори Раиси вилояти Суғд аз 27 январи соли 2023 ба имзо расидааст.
Ярмаркаи IX байналмилалии савдо «Суғд-2023» бо мақсади дастгирии рушди савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани нерӯи содиротӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо давлатҳои хориҷӣ ташкил гардида, дар доираи ярмарка гузаронидани форуми сармоягузорӣ низ ба нақша гирифта шудааст.