Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар соли 2022 7512,9 млн. доларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25,1% зиёд мебошад. Дар ин давра содироти мол 2330 млн. доллар ва воридот ба 5182,9 млн. доллар баробар гардид. Ҳиссаи содирот дар гардиши савдои хориҷӣ то 31% зиёд ва воридот то 69% коҳиш ёфт. Ин нуктаро имрӯз вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода зимни нишасти хабарӣ иброз намуд.
Ба зикри номбурда, дар ин давра нишодиҳандаи содироти ҷумҳурӣ бе назардошти металҳои қимматбаҳо 1612,6 млн. доларро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2021 43,8% зиёд мебошад.
Вазни хоси содиротии кишвар асосан аз ҳисоби фурўши маъдану консентратҳо, металлҳои қимматбаҳо, нахи пахта ва маҳсулот аз он, алюминийи аввалия, қувваи барқ, дигар металлҳои нимқиматбаҳо,
меваю сабзавот, семент, металлҳои сиёҳ ва дигар маҳсулот ташаккул ёфтааст.