Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Рӯзи Модар дар шаҳри Душанбе бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Дар робита ба ин нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тасдиқ гардид. Дар ин бора Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар дод.
Қарори мазкур бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Модар, арҷгузорӣ ба мақому манзалати модарон ва дастгириву қадрдонии занону бонувон равона гардидааст.
Дар асоси қарори мазкур дар шаҳри Душанбе якчанд ҳамоишу конфронс, мизҳои мудаввар ва барномаҳои фарҳангию фароғатӣ доир гардида, ҳамзамон барои занону бонувон маҳфилҳои идона ташкил карда мешаванд.