Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2022 фаъолияти худро тибқи «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» амалӣ намуда, корҳои омӯзиши геологиро бо истифода аз маблағҳои буҷети давлатӣ аз рӯи 32 лоиҳа дар объектҳои металлҳои сиёҳу ранга, қиматбаҳою нодир, сангҳои худҷилою ороишӣ, иҷрои корҳои минтақавӣ, гидрогеологӣ, муҳандисию геологӣ, геоэкологӣ ва мавзӯӣ ба анҷом расонид. Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода иброз намуд.
«Дар ин давра корҳои шартномавӣ аз рӯи 207 лоиҳа ба маблағи 23 488 538 сомонӣ ва корҳои пудратӣ ба маблағи 152 253 сомонӣ ба иҷро расонида шуд, ки суръати афзоиш 147 фоизро ташкил дод»,- изҳор намуд Илҳомҷон Оймуҳаммадзода
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ Саридораи геологияро якҷо бо вазорату идораҳои марбута вазифадор намуданд, ки ҷиҳати рушди саноати маъдан ва дигар соҳаҳои саноати коркард дар асоси таҳлили захираҳо вобаста ба дараҷаи омӯзиши геологии онҳо лоиҳаи Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияро барои солҳои 2021-2030 таҳия ва ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намояд.
Абдуфаттоҳи Абдурауф
Радиои «Овози тоҷик»