«Мо якҷояем»- таҳти ин унвон дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Форуми байналмилалии иштироки шаҳрвандӣ идома дорад. Чорабинии мазкур 5 декабр ба кори худ оғоз бахшида, то 7 декабр идома мекунад. Дар он ҷавонон аз 46 давлатҳои олам иштирок намуда истодаанд.
Тавре ки аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори радиои «Овози тоҷик» Дилнозаи Абдумалик хабар доданд, ҳайати ҷавонони Тоҷикистон дар он зери роҳбарии муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Шабнам иштирок доранд.
Ҳадафи баргузории Форуми мазкур рушди муносибатҳои байналмилалии ҷавонон ва табодули таҷриба дар самти фаъолияти волонтёрӣ мебошад.