Баъди таъхири тӯлонӣ парвозҳои мустақим миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин барқарор гардид. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ Дилшод Сафарзода, директори Агентии авиатсияи гражданӣ иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки парвоз тавассути фазои ҳавоии Ҷумҳурии Қирғизистон сурат мегирад, ки ин масирро кӯтоҳтар мекунад.
«Дар оянда мо нақша дорем, ки барои парвоз ба Чин аз фазои ҳавоии Қазоқистон истифода кунем. Ҳарчанд, аз ҷониби кишвари ҳамсоя ҳангоми парвозҳо ягон монеа нест, вале роҳ боз ҳам кӯтоҳтар мешавад ва ҳам имконияти парвоз ба Аврупо ва Осиёи Шарқию Ҷанубӣ ба вуҷуд меояд», — гуфт мавсуф.
Қайд гардид, ки имрӯз парвоз дар масири Душанбе — Урумчи — Душанбе баъди таъхири тӯлонӣ барқарор шуда, дар 2 ҳафта 1 парвоз сурат мегирад.
Мирсаид САТТОРИЁН,
«Овози тоҷик»