Дар робита ба оқибатҳои фоҷеабори фаромадани тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов номаи изҳори тасаллӣ ворид гардид, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Таслияти амиқи маро дар робита ба талафоту ҷароҳат бардоштани одамон ва хисороти зиёд дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон бипазиред.
Дар ин лаҳзаҳои мушкил хоҳишмандам аз номи мардум ва Ҳукумати Туркманистон, ҳамчунин шахсан аз номи худам ба тамоми пайвандону наздикони ҷонбохтагон суханони ҳамдардиву ҳамбастагӣ ва таманниёти шифои оҷилро ба осебдидагон бирасонед».