Раҳим Саидзода – вазири маориф ва илм бо Син Лонг – мутахассиси калони бахши иҷтимоии Бонки Осиёии Рушд (БОР) мулоқот намуд. Дар вохӯрии мазкур Хайрзода Шукрулло – муовини вазири маориф ва илм, Жукка Туливуори – мутахассиси бахши иҷтимоии БОР, Мадин Дизон – таҳлилгари лоиҳаҳои БОР, Ганҷина Фозилова – корманди шарики лоиҳа, Фируза Додомирзоева – ёрдамчии калони лоиҳа ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни вохӯрӣ Раҳим Саидзода аз ҳамкории судманди тарафҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, барои боз ҳам дар сатҳи беҳтар идома додани ҳамкорӣ, тавсеа бахшидани фаъолият дар доираи лоиҳаҳои гуногун ва расидан ба ҳадафҳои дар пешгузошта ба ҳозирин пешниҳодҳо ироа намуд.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ, сохтмони муассисаҳои таълимӣ, аз такмили ихтисос гузаронидани муаллимони фанҳои дақиқ, риёзӣ ва математика ва ғайра мавриди баррасӣ қарор дода шуд.