Аз 3 то 19 феврали соли 2023 дар шаҳри Сураҷкунди Ҳиндустон бо иштироки ҳайати ҳунарии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай фестивали байналмилалӣ таҳти унвони «Сураҷкунд Мела — 2023» баргузор гардид, ки ҳунармандони тоҷик низ дар он ширкат ва ҳунарнамоӣ намуданд. Дар ин бора Гулбута Хусравбекова,сармутахассиси раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанг иттилоъ дод.
Ба иттлои манбаъ, дар фестивали мазкур намояндагон — ҳунармандони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай аз Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Ӯзбекистон, Арманистон ва 50 давлати ҷаҳон иштирок намуда, санъату ҳунари миллату халқи худро муаррифӣ намуданд. Ҳамчунин, дар баробари зиёда аз 50 кишвари ҷаҳон гӯшаи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон аз ҷониби муассисаҳои тобеи вазорат, ширкатҳои ватанӣ ва Иттиҳодияҳои ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.
Дар фестивал панҷ нафар ҳунармандони дастаи Ансамбли рақсии «Чаман»-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷураев, 4 нафар сарояндагони Ансамбли «Фалак»-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев ва Консерваторияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шаш нафар аз ҳунармандон ва ошпазон иштирок намуда, бо суруду рақсҳои миллӣ ва намоиши намунаи ҳунарҳои мардумӣ ва либосҳои миллӣ, хӯроки миллӣ, ки тамоми таъриху фарҳанги миллати тоҷикро бозгӯӣ менамуд, ба намоиш гузошта, бо пешниҳоди санъату ҳунари миллии тоҷик кишвари моро баҳри тамошобинон, сайёҳону сокинони кишвари Ҳиндустон муаррифӣ намуданд. Ҳамарӯза аз гӯшаҳои намоиши ҳунарҳои мардумии кишварҳои иштирокчиёни фестивал ҳазорҳо нафар дидан намуда, бо ҳунарҳои мардумӣ ва суруду рақсҳои миллии зиёда аз 50 кишвари ҷаҳон шинос шудаанд.
Дар гӯшаю намоиши ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон, дар фестивали байналмилалии «Сураҷкунд Мела -2023» армуғони зиёди ҳунарҳои мардумӣ — гулдӯзию дарздӯзии мардуми тоҷик ба намоиш гузошта шуд. Дар ин намоишгоҳ сайёҳон ва ширкаткунандагони фестивал аз меҳмоннавозию меҳмондории миллати тоҷик баҳравару бархӯрдор шуданд.
Инчунин, дар фестивали мазкур аз ҷониби ошпазони моҳири тоҷик оши палови тоҷикӣ омода гардида, ба дӯстдорони таомҳои миллии тоҷик ва тамоми халқияту миллатҳои гуногун муаррифӣ ва пешниҳод гардид. Иштирокдорони чорабинии болозикр аз маконҳои таърихӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Ҳиндустон, аз ҷумла «Тоҷмаҳал» дидан намуданд.
Чорабинии мазкур 17 рӯз идома ёфта, рӯзи 20 — уми феврали соли ҷорӣ ҳайати гурӯҳи ҳунармандон ба Тоҷикистон баргаштанд.