Дар шаҳри Москва мулоқоти намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ректори Донишгоҳи давлатии сайёҳӣ ва хизмати Россия Федулин Александр Алексеевич доир гардид. Дар он масъалаҳои вобаста ба васеъ намудани доираҳои ҳамкориҳо дар самти тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои сайёҳӣ, хизмат ва соҳибкорӣ мавриди баррасии амиқ қарор гирифт. Дар ин бора Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон хабар дод.
Ректори Донишгоҳи давлатии сайёҳӣ ва хизмати Россия Федулин А.А. аз ташаббуси ҷонибҳо дар самти таҳкими ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки минъбаъд дар доираи факултети муштараки Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъсис додани ихтисосҳои нав, роҳандозӣ намудани барномаҳои таҳсилотии муштарак, инчунин ташкили машғулиятҳои онлайнӣ ва ҳузурии миёни тарафҳо, табодули академии донишҷӯён ва магистрантон, такмили ихтисоси омӯзгорон тадбирҳои зарурӣ андешида хоҳанд шуд.
Дар фарҷоми мулоқоти нахустини ҳайати кории донишгоҳ туҳфаи хотиравии роҳбарияти ДБССТ тақдим карда шуд. Сафари кории ҳайати ДБССТ дар шаҳри Москва идома дорад.