Соли 2023 корхонаи муштараки «Самарқанд-Суғд Силк» таъсис меёбад. Дар коргоҳи мазкур коркарди пилла ва истеҳсоли нахи абрешим ба роҳ монда хоҳад шуд.
Ба иттилои роҳбари корхонаи ҶДММ “Атласи Хуҷанд” Азимҷон Ғафуров, ширкати «Атласи Хуҷанд» бо як ширкат дар Самарқанд, ки дар заминаи тавлиди нахи абрешим фаъолият дорад, муттаҳид мешавад.
«ҶДММ «Атласи Хуҷанд» имрӯз ягона корхонаест, ки дар ҷумҳурӣ бо истеҳсоли саноатии атласу адрас машғул аст. Аз 100 фисад 70 фисади кор дастӣ буда, 30 фоизи кор тариқи дастгоҳҳои механикӣ сурат мегирад. Ба ғайр аз истеҳсоли матои атлас истеҳсоли матои адрас низ ба роҳ монда шуд. Матои истеҳсолмешудаи коргоҳ сифати баланд дошта, аз ашёи баландсифат омода мешавад. Матои истеҳсолнамудаи коргоҳ сифати баланд дошта, аз ашёи баландсифат омода мешавад. Дар корхона дар як сол то 50 ҳазор метри тӯлонӣ атласу адрас истеҳсол мегардад», — гуфт Азимҷон Ғафуров.
Ба зикри номбурда, ҶДММ «Атласи Хуҷанд» дар баробари ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо корхонаҳои дохилии кишвар, инчунин бо ширкати хориҷии LTD «Bezema» – и давлати Швейтсария ҳамкорӣ дорад.