Муовини директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Набизода бо ректори Донишгоҳи давлатии техникии авиатсияи граждании Москва Борис Елисеев мулоқот намуд. Дар он ҷонибҳо оид ба вусъати хамкорӣ ҷиҳати тайёр кардани кадрҳои миллӣ барои авиатсияи граждании Точикистон, такмили ихтисос ва бозомӯзии мутахассисони авиационии ҷумҳурӣ, инчунин анҷом додани тадқиқоти муштараки илмӣ гуфтушунид анҷом доданд. Дар ин бора аз Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар идома Борис Елисеев ба меҳмони фахрӣ нишони хотиравии «100-солагии авиатсияи граждании Россия»-ро тақдим намуд.
Ба иттилои манбаъ, зимни сафар Азиз Набизода аз технопарки системаҳои ҳавопаймоии бесарнишини донишгоҳ, маҷмааи таълимию тренажёрӣ, лабораторияҳо ва осорхонаи донишгохи мазкур дидан ба амал овард. Пас аз боздид Азиз Набизода бо донишҷӯёни тоҷик суҳбати алоҳида орост.
«Имрӯз мо бо намояндаи маъмурияти авиационии мамлакати дӯст Азиз Набизода вохӯрии пурсамар доштем. Дар он як қатор созишномаҳои нав ба имзо расиданд, ки ҳарчи зудтар дар амал татбиқ хоҳанд шуд», — иброз дошт Борис Елисеев, ректори МГТУ ГА.