Конфронси 9-уми ҳамкории байниминтақавӣ таҳти унвони «Шарикии тиҷорат ва сармоягузории Россия ва Тоҷикистон» дар Душанбе ба кори худ оғоз кард. Дар он намояндагони зиёда 800 ширкату корхонаи соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистон ва Русия, аз ҷумла роҳбарони вазорату идораҳо, роҳбарони мақомоти минтақавӣ, ширкатҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти саноати бофандагӣ, мошинсозӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, саноати техникӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, хизматрасониҳои молиявӣ ва сайёҳӣ ва диигар корхонаҳои давлатию хусусӣ иштирок доранд., хабар дод хабарнигори радиои «Овози тоҷик» Мутабар Носирова.
Конфронси мазкур барои тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия мусоидат мекунад. Ҷаласаҳои панелии конфронс ба мавзӯъҳои ҳамкориҳои Русияву Тоҷикистон дар бахшҳои ҳамкориҳои саноатӣ, энергетика, экология, нақлиёту логистика, ҳамчунин дар бахшҳои илму маориф ва гуманитарӣ бахшида мешаванд.
Конфронс ду руз давом намуда, дар рӯзи дуюм вохӯриҳои саноатӣ дар шакли B2B ва ҷаласаи Шӯрои соҳибкорони Русияву Тоҷикистон баргузор мешаванд.
Интизор меравад, ки дар натиҷаи он ҳудуди 20 санади ҳамкорӣ миёни намояндагони ду кишвар ба имзо расанд.