13 март дар Исломобод нишасти хабарии муштараки намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон ва Нидерланд дар Покистон дар робита ба Конфронси СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор гардид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Зимни суханронӣ сафири Тоҷикистон дар Покистон таъкид намуд, ки конфронс чорабинии муҳими СММ буда, онро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи Нидерланд аълоҳазрат Виллем-Александр раисӣ хоҳанд кард.
Дар нишасти хабарӣ муовини аввали вазири захираҳои оби Покистон Ҳассан Насир Ҷами иштирок намуда, ба ҳозирин мавқеи кишвари худро доир ба ин чорабинии муҳими байналмилалӣ изҳор намуд.
Нишасти хабарӣ бо иштироки намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, захираҳои об, корпуси дипломатӣ, сохторҳои СММ дар Исломобод, мутахассисону рӯзноманигорон ва шабакаҳои телевизионии Покистон сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки Конфронси оби СММ 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор хоҳад шуд. Нишасти мазкур баъд аз Конфронси оби сатҳи баланди соли 1977 дар Мар-дел-Плата нахустин Конфронси оби СММ дар чунин сатҳ ба ҳисоб меравад.