Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохтор мулоқот намуд.
Тавре ки радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Вазорати молияи кишвар хабар медиҳад, дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии муштарак дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла соҳаи энергетика пешниҳодҳои худро баён намуданд.
Инчунин ҷонибҳо ҷиҳати баргузории вохӯриҳои навбатӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд изҳори омодагӣ карданд.