14 марти соли 2023 таҳти ҳамраисии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ва Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Сезин Синаноглу бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, намояндагони оҷонсиҳои СММ — аъзои Гурӯҳҳои натиҷавии Барномаи қолабии СММ оид ба расонидани кумак барои рушд дар Тоҷикистон (UNSDCF) ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба тасдиқи Нақшаҳои кории Чаҳорчӯби ҳамкорӣ оид ба рушди устувор барои солҳои 2023-2026 баргузор гардид.
Тавре ки радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои умҳурии ТОҷикистон хабар медиҳад, Сезин Синаноглу Ҳукумати ҷумҳуриро барои ноил гардидан ба рушди назаррас дар давраи татбиқи барномаи UNDAF дар давоми солҳои 2016-2020 табрик намуда, барои ҳамкории самаранок ва ба даст овардани натиҷаҳои муштарак ҷиҳати дастгирии аҳолии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ баён кард. Ҳамзамон мавсуф омодагии СММ-ро барои идомаи ҳамкориҳои мутақобилаи судманд дар раванди тасдиқи Нақшаҳои кории Чаҳорчӯби ҳамкорӣ оид ба рушди устувор барои солҳои 2023-2026, изҳор намуд.
Роҳбарони гурӯҳҳои натиҷавӣ Олег Гучгелдиев, Элиза Калкатера, Наргис Раҳимова ва Саранго Раднарагча ба ҳозирин Чаҳорчӯби ҳамкорӣ оид ба рушди устувор барои солҳои 2023-2026-ро муаррифӣ намуда, вобаста ба ин масъалаҳо мубодилаи афкор ва таклифҳои судманд пешниҳод намуданд.
Аъзои кумитаи муштараки роҳбарикунанда аз ҳисоби намояндагони шарикони рушд ва вазорату идораҳои ҷумҳурӣ Нақшаҳои кории Чаҳорчӯби ҳамкорӣ оид ба рушди устувор барои солҳои 2023-2026-ро тасдиқ намуда, омодагии худро ҷиҳати афзоиш додани кумаку дастгириҳои минбаъда дар самти таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва экологӣ баён доштанд.
Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби Кумитаи роҳбарикунанда вобаста ба масъалаҳои рузномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо агентиҳои СММ омодагӣ изҳор гардид.