Дар остонаи таҷлили ҷашни байналмилалии “Наврӯз” дар Узбекистон намоиши таомҳои миллии баҳорӣ доир шуд. Чорабинии мазкур дар деҳаҳои тоҷикнишини ин кишвар, аз ҷумла Деҳнав, Сариосиё, Узун, Шурчи, Олтинсой ва Сина сурат гирифт.
Дар он намунаи таомҳои миллӣ, инчунин либоси миллӣ ва маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ, тарғиби суннатҳои таомпазии ниёгон, инчунин боз ҳам қавӣ намудани дустии мардумони тоҷику узбек маҳсуб меёбад.