28-29 март дар Лондон Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ баргузор мегардад. Ҳадафи он пайдо намудани шарикони рушд ва тавсеаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодии ду давлат мебошад. Дар ин бора Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар форум намояндагони сохторҳои марбутаи давлатии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ва соҳибкорони ҳар ду давлат, ки самти фаъолияташон ба соҳаҳои энергетика, истеҳсолот, хизматрасонӣ, логистика, фармасевтӣ нигаронида шудааст, иштирок менамоянд.
Дар доираи форум вохӯриҳои дуҷонибаи соҳибкорони Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар сиғаи «Соҳибкор бо соҳибкор» (B2B) ва бахши давлатию хусусии ҳар ду ҷониб доир гардида, аз натиҷаи вохӯриҳо баимзорасонии санадҳои ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкории ҳар ду давлат дар назар дошта шудааст. Инчунин дар ҳошияи форум Намоишгоҳи молу маҳсулоти ватанӣ доир хоҳад шуд.