Дар шаҳри Масқат Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Салтанати Умон оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расид. Дар ин бора Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кувайт хабар дод.
Созишномаро директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Сафарзода ва Президенти Мақомоти авиатсияи граждании Салтанати Умон Нойиф бин Алӣ ал-Абрӣ имзо намуданд.
Санади мазкур имконият медиҳад, ки ҷуғрофияи парвозҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам васеъ гардад.
Дар идома ҷонибҳо роҳҳои таҳкими ҳамкории мақомоти авиатсионии Тоҷикистону Умон ва кушодани парвозҳои мустақим байни ду кишвар баррасӣ намуданд.