Имрӯз дар шаҳри Янлини музофоти Шэнсии Чин Намоишгоҳи 29-уми Янлин вобаста ба соҳаи кишоварзӣ ва технологияҳои инноватсионӣ баргузор гардид, ки дар он аз ҷониби намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин маҳсулоти аграрии ватанӣ, аз ҷумла меваҳои тару тоза, хушкмева, асал ва нону кулчаҳои тоҷикӣ муаррифӣ шуданд.
Дар намоишгоҳи мазкур Вазири кишоварзии мамлакат Саъдӣ Каримзода тариқи маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Дар намоиши байналмилалӣ намояндагони Чин, корпусҳои дипломатӣ ва ширкатҳо иштирок ва суханронӣ намуданд.
Бо мақсади ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаҳои мухталифи кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ ва инчунин суръат бахшидан ба имконияти содироту воридоти кишвар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чин дар ҳамкорӣ бо Кумитаи тадорукоти намоишгоҳ — павилиони маҳсулоти аграрии ватаниро, аз ҷумла бо меваҳои тару тоза, хушкмева, асал ва нону кулчаҳои Тоҷикистон ба намоиш гузоштанд.
Дар доираи намоиш ҳайати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Губернатори музофоти Шансӣ ва ҳайати баландпояи ин музофот мулоқот намуда, доир ба рушди ҳамкории минбаъда мубодилаи афкор намуданд.