Баъди чандин солҳо ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон парвози нахустини ҳавопаймо ба маркази маъмурии вилоят шаҳри Хоруғ сурат гирифт. Имрӯз ба фурӯдгоҳи шаҳри Хоруғ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, бахусус Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳавопаймои L410NG парвози санҷиши анҷом дод. Дар ин бора Хадамоти матбуотии Раиси ВМКБ хабар дод.
Дар расми қабули парвози нахустин ҳавопаймо ба ВМКБ, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ, раиси шаҳри Хоруғ Назарзода Ризо Шодӣ ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ дар маросими қабули нахустин ҳавопаймо аз дастгириҳои рӯзафзуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ намуданд. Таъкид гардид, ки маҳз бо дастури Роҳбарияти Олии мамлакат хатсайрии ҳавоии Душанбе-Хоруғ барқарор гардида, сокинони вилоят минбаъд имкон доранд, ки аз имкониятҳои фароҳамшуда истифода намоянд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳавопаймо истеҳсоли давлати Чехия буда, бо хусусиятҳои хос аз дигар ҳавопаймоҳо ба куллӣ фарқ мекунад. Бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат бо ин ҳавопаймо минбаъд роҳи ҳавоии Хоруғ- Душанбе барқарор гардида, барои рафту омад сокинони вилоят ба шаҳри Душанбе мусоидат менамояд.
Ҳавопаймои L-410NG аз ҷониби Агентии Аврупоӣ оид ба бехатарии авиатсионӣ сертификатсия шуда, хусусиятҳо беҳтаршудаи парвозиву истифода дорад ва ба техналогияҳои пешрафта ва авионикаи инноватсионӣ муҷаҳҳаз мебошанд. Тавассути он метавон 19 нафар мусофирро дар хатсайрҳои маҳаллӣ интиқол дод.