
Ширкати ҳавопаймои миллии Тоҷикистон аз роҳандозии хати ҳавоӣ дар масири Душанбе-Теҳрон-Душанбе хабар дод. Аввалин парвоз 31 январи соли равон соати 17:30 аз Душанбе ба Теҳрон ва соати 20:20 аз Теҳрон ба Душанбе пешбинӣ шудааст.
Бар асоси барномаи таъиншуда аз 10 феврал парвозҳо дар масири Душанбе-Теҳрон ҳафтаи якбор рузҳои ҷумъа анҷом мешаванд. Соати парвоз аз Душанбе дар масири Теҳрон соати 14:30 дақиқа ва аз Теҳрон ба Душанбе соати 17: 20 дақиқа таъин шудааст.
Замони парвоз аз Душанбе то Теҳрон 2 соати 50 дақиқа ва аз Теҳрон ба Душанбе 2 соату 20 дақиқаро дар бар хоҳад гирифт.
Айни замон байни Эрон ва Тоҷикистон ду парвоз дар ҳафта панҷшанбе дар масири Машҳад якшанбе дар Масири Теҳрон тавассути ширкатҳои ҳавопаймои Эрон Айр ва Вориш анҷом мешавад.