Ҷиҳати ҷалби сайёҳон, сармоя ва шиносоии мардуми Кувайт бо таъриху тамаддуни Тоҷикистон сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдзода Зубайдулло аз девонияҳои Аш-Шая, Ас-Сабоҳ, Халифа Ал-Хурофӣ, Ал-Ғоним, Ан-Насаф, Ал-Фазолаҳ, Аш-Шаҳоумӣ, Ал-Бобтайн, Ал-Мулло, Ал-Асоусӣ, Ал-Луғонӣ, Ат-Тувайҷрӣ, Аш-Шамлон ва Ал-Маилам дидан намуд.
Бино ба иттилои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кувайт, зимни вохӯриҳо сафир ба ҷониби кувайтӣ роҷеъ ба фарҳангу тамаддуни тоҷик, иқтидору зарфиятҳои сармоягузориву сайёҳии кишвар ва ҷойҳои диданибоби Тоҷикистон маълумот ироа намуд.
Бояд гуфт, ки девония маконе мебошад, ки дар он шаҳрвандони Кувайт дар моҳи шарифи Рамазон ва дигар ҷашнҳо ҷамъ мешаванд.