
Рӯзи 3 ноябри соли равон ҳайати Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон ба шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Бино ба иттилои Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг, меҳмононро дар назди майдони Парчами миллӣ Муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ, Раиси шаҳр Саломзода Сиҷоуддин, аҳли фарҳангу ҳунари шаҳр бо самимияту муҳаббати беандоза истиқбол гирифтанд.
Ҳайати Рӯзҳо қарор аст, дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳангӣ, дар шаҳрҳои Бохтару Кулоб барномаҳои ҳунарии хешро манзури сокинон гардонанд.
Аз ҷараёни баргузории барномаҳои ҳунарии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар гузоришҳои оянда пешниҳод мегардад.