Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар шаҳри Лондон барномаи фарҳангию фароғатӣ баргузор гардид. Дар он ҳамватанони муқими Британияи Кабир иштирок намуданд.
Бино ба иттилои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир, қабл аз баргузории барномаи фарҳангӣ дар толори барҳаво тибқи анъана дастрахони наврузӣ ороста шуд. Барномаи ҷашни фарҳангиро намояндаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир ифтитоҳ намуда, зимни суханронии ифтитоҳӣ тамоми иштирокчиёни чорабинӣро бо Иди байналмилалии Наврӯз самимона табрик гуфт.
Сарояндаҳои шинохта ва боистеъдоди Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Назрӣ ва Ситораи Кароматулло, ки аз ҷониби Намояндагии дипломатӣ ба Лондон махсус барои ин чорабинӣ даъват шуда буданд, меҳмонони чорабинӣ бо таронаҳои ҷолибу хотирмонашон шод гардиданд.