10-уми апрели соли 2023, дар меҳмонхонаи “Руми” дар толори Балх, вохурии дуҷонибаи (B2B), миёни соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорони вилояти Олтойи Федератсияи Россия, баргузор мегардад. Дар ин бора Палатаи савдо ва саноат Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ҳайати тиҷоратии вилояти Олтой 6 ширкату корхонаҳои калону, миёна ва бонуфузро дар бар гирифта, бо мақсади дидан намудан аз имкониятҳои соҳибкориву сармоягузории кишварамон ва пайдо намудани шарикони худ, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташриф меоранд.
Ширкатҳои мазкур дар соҳаҳои истеҳсоли шинаҳо ва камераҳо барои мошинҳои сабукрав ва боркаш, агрегатҳои маҳлул барои тайёр кардани нуриҳои комплексӣ, маҳсулотҳои косметикӣ, хизматрасониҳои логистикӣ, нӯшокиҳои ташнашикан (оби гандум, квас, лимонад, оби минералӣ ва нӯшокиҳои бе газ), маҳсулоти экологӣ ва кишоварзӣ, ва ғайра иштирок менамоянд.