Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт, Зубайдулло Зубайдзода дар ҳошияи чорабинии бахшида ба моҳи шарифи Рамазон, ки аз ҷониби вазорати корҳои хориҷии кишвари иқомат танзим гардид, бо вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Шайх Солим Абдуллоҳ ал-Ҷобир ас-Сабоҳ дидор ва гуфтугӯ намуд.
Тавре ки радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот атрофи роҳҳои тақвият ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои авлавиятнок табодули афкор сурат гирифт.
Дар чорабинии мазкур роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилаливу минтақавии муқими Давлати Кувайт низ иштирок намуданд.