Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ИДМ, ки дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон доир мегардад, иштирок мекунанд. Дар ин бора Шоҳин Самадӣ, сухангуи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори радиои «Овози тоҷик» Зулфия Сафарова хабар дод.
Ба иттилои номбурда, чорабинии мазкур 13-14 апрели соли равон сурат гирифта, дар ҳошияи он баргузории ду чорабинии дигар сатҳи байналмилалӣ шашумин нишасти вазирони корҳои хориҷии Осиёи Миёна ва Россия, нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар назар аст.
Интизор меравад, ки дар ҷаласа вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Эрон, Узбекистон,Чин, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Русия вазъияти кунунии Афғонистонро баррасӣ намоянд. Ҳадафи асосии он расонидани кӯмаки башардӯстона, иқтисодиву иҷтимоӣ ба Ҷумҳурии Афғонистон маҳсуб меёбад.